Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров <a href="https://t.
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
15 Ocak 2023 tarihinde DÜNYA kategorisinde yayınlandı. Google News

 

 

 

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

2023 , шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Ба Шумо табрикоти худро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ирсол менамоям.

Тайи се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо ба натиҷаҳои муайян ноил гардиданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи сохторҳои бисёрҷониба таҷрибаи мусбат андӯхта, дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд ва якҷоя ташаббусҳои глобалиро пеш мебаранд.

Итминон дорам, ки густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Бовар дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои байнидавлатиамон ҳамаҷониба мусоидат намуда, онҳоро бо мӯҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳо, ба мардуми дӯсти қирғиз сулҳу некрӯзӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак ва мутобиқ ба манфиатҳои мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон мо метавонем афзоиши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаамонро, ки бар усулҳои эҳтироми мутақобила, соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти арзӣ ва халалнопазирии марзҳои давлатӣ асос ёфтаанд, таъмин намоем.

Бар он назарам, ки муносибатҳои байни ду кишвар бояд дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ бар нафъи мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон рушд ёбанд.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

kaynak:http://www.president.tj/node/29966?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Son Güncelleme: 15 Ocak 2023 | Etiketler: , , , , , , , , , , , ,